Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам

542

Биё, к-имрӯз берун аз ҷаҳонам,
Биё, к-имрӯз ман аз худ ниҳонам!

Гирифтам дашнае в-аз худ буридам,
На они худ, на они дигаронам!

Ғалат кардам, набурридам ман аз худ,
Ки ин тадбир бе ман кард ҷонам!

Надонам, к-оташи дил бар чи сон аст,
Ки дигар шакл месӯзад забонам!

Ба сад сурат бидидам хештанро,
Ба ҳар сурат ҳамегуфтам: «Ман онам!».

Ҳамегуфтам: «Маро сад сурат омад,
Ва ё сурат наям, ман бенишонам!

Ки суратҳои дил чун меҳмонанд,
Ки меоянду ман чун хонабонам!».