Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем

547

Биё, к-имрӯз гирди ёр гардем,
Ба сар гардему чун паргор гардем!

Биё, к-имрӯз гирди худ бигардем,
На гирди хонаи хаммор гардем!

Магӯ бо мо, ки мо девонагонем,
Бар оташҳои безинҳор гардем!

Сабук гардем чун боди баҳорӣ,
Ҳарифи сабзаву гулзор гардем!

Чаро чун гӯш ҷумла бод гирем?!
Чаро чун муш дар анбор гардем?!

Дар он табла1 шакар пур кард аттор,
Ба гирди таблаи аттор гардем!

Чу сурма хидмати дида гузинем,
Чу дида ҷумлагӣ дидор гардем!


1 Сандуқу қуттии дӯкони атторон.