Шаби дӯшина мо бедор будем

548

Шаби дӯшина мо бедор будем,
Ҳама хуфтанду мо бар кор будем!

Ҳарифи ғамзаи ғаммоз гаштем,
Надими турраи таррор будем!

Ба гирди нуқтаи хубиву мастӣ
Ба сар гарданда чун паргор будем!

Ту чун дӣ зодайӣ, бо ту чи гӯям,
Ки бо ёри қадимӣ ёр будем!

Мисоли косаҳои лабшикаста
Ба дуккони шаҳи ҷаббор будем!

Чаро чун ҷоми шаҳ заррин набошем,
Чу андар махзани асрор будем?!

Чаро худ каффи мо дарё набошад,
Чу андар қаъри дарёбор будем?!

Хамуш бошу ду оламро ба гуфт ор,
К-аз аввал гуфти бегуфтор будем!