Боз даромад табиб аз дари Айюби хеш

451

Боз даромад табиб аз дари Айюби хеш,
Юсуфи Канъон расид ҷониби Яъқуби хеш.

Баҳри сафар сӯйи ёр хона барандохт дил,
Дид, ки худ буд дил хонаи маҳбуби хеш.

Дил чу фано шуд, дар ӯ монд вай, ӯ кашф шуд,
Он чи бигуфт ӯ: «Манам толибу матлуби хеш!

Шукр, ки Исо расид, озари мо зинда шуд,
Шукр, ки Мӯсо намуд муъҷизаи хуби хеш!

Шукр, ки Мӯсо бираст аз ҳама фиръавниён,
Шукр, ки ошиқ расид дар канафи1 хуби хеш!

Шукр, ки хуршеди ишқ аз суйи Машриқ битофт,
Дар дилу ҷонҳо фиканд оташу ошӯби хеш!

Шукр, ки соқии ғайб шуст ба май ҷумла айб,
Шукр, ки толиб раҳид аз ғами дилкӯби хеш!


1 Паногоҳ; кишвар.