Ёр даромад зи боғ бехуду сармаст дӯш

450

Ёр даромад зи боғ бехуду сармаст дӯш,
Тавбакунон тавбаро сел бибурдаст дӯш!

Ошиқи садсолаам, тавба куҷо, ман куҷо?!
Тавбаи садсоларо ёр даришкаст дӯш!

Бодаи хилватнишин дар дили хум маст шуд,
Хилвати тавбашикан маст бурун ҷаст дӯш!

Валвала дар кӯ фитод, ақл даромад, ки дод,
Муҳтасиби ақлро даст фурӯ баст дӯш!