Боз омадам, боз омадам, аз пеши он ёр омадам

484

Боз омадам, боз омадам, аз пеши он ёр омадам,
Дар ман нигар, дар ман нигар, баҳри ту ғамхор омадам!

Шод омадам, шод омадам, аз ҷумла озод омадам,
Чандин ҳазорон сол шуд, то ман ба гуфтор омадам!

Он ҷо равам, он ҷо равам, боло будам, боло равам,
Бозам раҳон, бозам раҳон, к-ин ҷо ба зинҳор омадам!

Ман мурғи лоҳутӣ будам, дидӣ, ки носутӣ1 шудам,
Домаш надидам, ногаҳон дар вай гирифтор омадам!

Ман нури покам, ай писар, на мушти хокам, мухтасар,
Охир, садаф ман нестам, ман дурри шаҳвор омадам!

Моро ба чашми сар мабин, моро ба чашми сир бибин,
Он ҷо биё, моро бибин, к-ин ҷо сабукбор омадам!

Аз чор модар бартарам в-аз ҳафт обо низ ҳам,
Ман гавҳари конӣ будам, к-ин ҷо ба дидор омадам!

Ёрам ба бозор омадаст, чолоку ҳушёр омадаст,
В-арна ба бозорам чӣ кор, вайро талабгор омадам!

Ай Шамси Табрезӣ, назар дар кулли олам кай кунӣ,
К-андар биёбони фано ҷону дил афгор омадам!


1 Заминӣ, сифлӣ.