Бас ҷаҳд мекардам, ки ман ойинаи некӣ шавам

483

Бас ҷаҳд мекардам, ки ман ойинаи некӣ шавам,
Ту ҳукм мекардӣ, ки ман хумхонаи секӣ1 шавам!

Хумхонаи хосон шудам, дарёи ғаввосон шудам,
Хуршеди бенуқсон шудам, то тибби ташкикӣ шавам!

Нақши малойик сохтӣ, бар обу гил афрохтӣ,
Дурам бад-он андохтӣ, к-иксири наздикӣ шавам!

Ҳорутие афрӯхтӣ, пас ҷодуяш омӯхтӣ,
З-онам чунин месӯхтӣ, то шамъи торикӣ шавам!

Турке ҳама туркӣ кунад, тоҷик тоҷикӣ кунад,
Ман соъате туркӣ шавам, як лаҳза тоҷикӣ шавам!

Гаҳ тоҷи султонон шавам, гаҳ макри шайтонон шавам,
Гаҳ ақли чолоке шавам, гаҳ тифли чоликӣ шавам!

Хуни равиро рехтам, бо Юсуфе омехтам,
Дар рӯйи ӯ сурхӣ шавам, дар мӯ-ш борикӣ шавам!


1 Сеякӣ, сеяк.