Ҳаргиз надонам рондани масте, ки уфтад бар дарам

482

Ҳаргиз надонам рондани масте, ки уфтад бар дарам,
Дар хона гар май бошадам, пешаш ниҳам, бо вай хурам!

Масте, ки шуд миҳмони ман, ҷони ман асту они ман,
Тоҷи ману султони ман, то барнишинад бар сарам.

Ай ёри ман в-ай хеши ман, масте биёвар пеши ман,
Рӯзе, ки мастӣ кам кунам, аз умри хешам нашмарам!

Чун вақф кардастам падар бар бодаҳое ҳамчу зар,
Дар ғайри соқӣ нангарам в-аз амри соқӣ нагзарам!

Чанд озмоям хешро в-ин ҷони ақландешро,
Рӯзе, ки мастам, киштиям, рӯзе, ки оқил — лангарам!

Ку хамри тан, ку хамри ҷон, ку осмон, ку ресмон?!
Ту масти ҷоми абтарӣ, ман масти ҳавзи Кавсарам!

Масте биёяд қай кунад, масте заминро тай кунад,
Ин хору зор андар замин в-он осмон — бар муҳтарам!

Гар мастиву равшанравон, имшаб махусб, ай сорбон,
Хомӯш кун, хомӯш кун, з-ин бода нӯш, ай булкарам!