Боз ою марҳаме ба дили реши хаста неҳ

Боз ою марҳаме ба дили реши хаста неҳ,
Чашме бад-ин ду дидаи дар хун нишаста неҳ.

Пуштам шикаст ҳаҷри ту, гар бор мениҳӣ,
Боре ба қадди тоқати пушти шикаста неҳ.

Чун дил намераҳад зи ғамат, гар дигар ғамест,
Он ҳам биёр, бар дили аз ғам нараста неҳ.

Бигсаст дил зимоми сабурӣ ба пойи ӯ,
Аз зулфи хеш як-ду-се торе гусаста неҳ.

Ҷон, к-аз ғамат гурехт, бад-он турраш супор,
Банде бар ин шикории аз дом ҷаста неҳ.

Хун баст бар рухам ҷигар, ар меҳмон шавӣ,
Пеши сагон-т туъма ҷигарҳои хаста неҳ.

Ҷомӣ зи даст дод дилу дин, туро кӣ гуфт
Бар тарфи гул зи сунбули сероб даста неҳ?