Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем

532

Бори дигар аз роҳ суйи чоҳ расидем
В-аз ғурбати аҷсом ба Аллоҳ расидем!

Бо асп бад-он шоҳ касе чун нарасидаст,
Мо асп бидодему бад-он шоҳ расидем!

Чун абр басе ашк дар ин хок фишондем
В-аз абр гузаштему бад-он моҳ расидем!

Ай таблзанон, навбати мо гашт, бикӯбе!
В-ай турк, бурун о, ки ба хиргоҳ расидем!

Якчанд чу Юсуф ба буни чоҳ нишастем,
З-он сар расан омад, ба сари чоҳ расидем!

Мо чанд санам пеши Муҳаммад бишикастем,
То дар санами дилбари дилхоҳ расидем!

Наздиктар оед, ки аз дур расидем
В-аҳвол бипурсед, ки аз роҳ расидем!