Афтодам, афтодам, дар обе афтодам

533

Афтодам, афтодам, дар обе афтодам,
Гар обе хӯрдам ман, дилшодам, дилшодам!

Бар даф не, бар най не, як лаҳза бегорам1,
Бар хум не, бар май не пайваста бунёдам!

Дар ишқи дилдоре, монанди гулзоре,
Ҷон дидам, ҷон дидам, дил додам, дил додам!

Май хӯрдам, май хӯрдам, дар шаҳрат мегардам,
Сартезам, сартезам, пурбодам, пурбодам!

Гар хӯдам, гар ҷавшан, пирӯзам, пирӯзам!
Гар сарвам, гар савсан, озодам, озодам!

Аз чархе, аз авҷе бар баҳре, бар мавҷе,
Хуш тахте, хуш тахте бинҳодам, бинҳодам!

Мавлоям, мавлоям, дар ҳукми дарёям,
Дар авҷаш, дар мавҷаш мунқодам, мунқодам2!

Ай кавкаб, ай кавкаб, бикшо лаб, бикшо лаб,
Шарҳе кун, шарҳе кун бар вафқи меъодам!

Ҳар зарра, ҳар парра меҷӯяд, мегӯяд:
«З-иршодаш, з-иршодаш истодам, истодам!»


1 Кори бемузд.
2 Мутеъ, фармонбардор.