Биё, к-аз ишқи ту девона гаштам

534

Биё, к-аз ишқи ту девона гаштам
В-агар шаҳре будам, вайрона гаштам!

Зи ишқи ту зи хонумон буридам,
Ба дарди ишқи ту ҳамхона гаштам!

Чунон коҳил будам, к-онро нагӯям,
Чу дидам рӯйи ту, мардона гаштам!

Чу хеши ҷони худ ҷони ту дидам,
Зи хешон баҳри ту бегона гаштам!

Фасонай ошиқон хондам шабу рӯз,
Кунун дар ишқи ту афсона гаштам!