Манам фитна, ҳазорон фитна зодам

535

Манам фитна, ҳазорон фитна зодам,
Ба ман бингар, ки доди фитна додам!

Зи ман магрез, зеро дарфитодӣ,
Бигӯ: «Алҳамдулиллаҳ, дарфитодам!»

Аҷаб чизест ишқу ман аҷабтар,
Ту гӯйӣ, ишқро худ ман ниҳодам!

Биё, гар ман манам, хунам бирезед,
Ки то худ ман намурдам, ман назодам!

Нагӯям сирри ту, к-он ғамз1 бошад,
Вале ногуфта банде баркушодам!


1 Суханчинӣ, ғаммозӣ, наммомӣ.