Ғуломам, хоҷаро озод кардам

536

Ғуломам, хоҷаро озод кардам,
Манам, к-устодро устод кардам!

Манам он ҷон, ки дӣ зодам зи олам,
Ҷаҳони куҳнаро бунёд кардам!

Манам муме, ки даъвии ман ин аст,
Ки ман пӯлодро пӯлод кардам!

Басе бедидаро сурма кашидам,
Басе беақлро устод кардам!

Манам абри сияҳ андар шаби ғам,
Ки рӯзи идро дилшод кардам!

Аҷаб хокам, ки ман аз оташи ишқ
Димоғи чархро пурбод кардам!

Зи шодӣ дӯш он султон нахуфтаст,
Ки ман, банда, мар ӯро ёд кардам!

Маломат нест, чун мастам ту кардӣ,
Агар ман фошаму бедод кардам!

Хамуш кун, к-ойна зангор гирад,
Чу бар вай дам задам, фарёд кардам!