Ҳасудонро зи ғам озод кардам

537

Ҳасудонро зи ғам озод кардам,
Дили галлай харонро шод кардам!

Ба бедодон бидодам дод пинҳон,
Вале дар ҳаққи худ бедод кардам!

Чу аз сабрам ҳама фарёд карданд,
Чунон бошад, ки ман фарёд кардам!

Маро устод сабр асту аз ин рӯ
Хилофи мазҳаби устод кардам!

Ҷаҳоне, ки нашуд обод ҳаргиз,
Ба вайрон карданаш обод кардам!

Дар ин тезоб, ки чун барги коҳ аст,
Ба муште гил дар ӯ бунёд кардам!

Фаромӯшам макун, ё Раб, зи раҳмат,
Агар ғайри туро ман ёд кардам!