Бо талхии маъзулӣ мире бинамеарзад

216

Бо талхии маъзулӣ1 мире бинамеарзад,
Як рӯз ҳамехандад, сад сол ҳамеларзад!

Харбандагиву он гаҳ аз баҳри хари мурда,
Баҳри гули пажмурда бо хор ҳамесозад!

Зинҳор нахандӣ ту, то ӯ-т нахандонад,
Зеро ки ҳама ханда з-ин ханда ҳамехезад!

Ай рӯйтуруш, бингар, онро, ки туруш кардат,
То ӯ шакаре ширин дар серка даромезад!

Ай хастаи афтода, бингар, ки кӣ афкандат?!
Чун дарнигарӣ ӯро, ҳам ӯ-т барангезад!

Гар з-он, ки саге хусбад бар хоки сари кӯяш,
Шер аз ҳазари он саг бигзораду бигрезад!


1 Бекоршавӣ, сабукдӯшшавӣ аз амалу мансаб.