Имон бари куфри ту, ай шоҳ, чӣ кас бошад?!

217

Имон бари куфри ту, ай шоҳ, чӣ кас бошад?!
Симурғи фалакпаймо пеши ту магас бошад!

Оби ҳаявон имон, хоки сияҳе куфрон,
Бар оташи ту ҳарду монандаи хас бошад!

Ҷонро сақат имон шуд, ин ҷон ба нафас ҷон шуд,
Дил ғарқаи имон шуд, чӣ ҷойи нафас бошад?!

Шаб куфру чароғ имон, хуршед чу шуд рахшон,
Бо куфр бигуфт имон: «Рафтем, ки бас бошад!»

Имон фарасе динро, мар нафс чу фарзинро,
В-он шоҳи навойинро чӣ ҷойи фарас бошад?!

Имон гувадат: «Пеш о!». В-он куфр гувад: «Пас рав!»,
Чун шамъи танат ҷон шуд, не пешу на пас бошад.

Шамсулҳақи Табрезӣ, ронӣ ту чунон боло,
То ҷуз мани побарҷо худ дастмарас бошад!