Нонпора зи ман бистон, ҷон пора нахоҳад шуд

218

Нонпора зи ман бистон, ҷон пора нахоҳад шуд,
Оворайи ишқи мо овора нахоҳад шуд!

Онро, ки манам хирқа, урён нашавад ҳаргиз,
В-онро, ки манам чора, бечора нахоҳад шуд!

Онро, ки манам мансаб, маъзул куҷо гардад?!
Он хора, ки шуд гавҳар, ӯ хора нахоҳад шуд!

Он қиблаи муштоқон вайрон нашавад ҳаргиз,
В-он мусҳафи хомӯшон сепора нахоҳад шуд!

Аз ашк шавад соқӣ ин дидаи ман, лекин
Бе наргиси махмураш хаммора нахоҳад шуд!

Бемор шавад ошиқ, аммо ба наме мирад,
Моҳ арчи ки лоғар шуд, истора нахоҳад шуд!

Хомӯш куну чандин ғамхора машав охир,
Он нафс, ки шуд ошиқ, аммора нахоҳад шуд!