Бӯйи дилдори мо намеояд

351

Бӯйи дилдори мо намеояд,
Тутӣ ин ҷо шакар намехояд!

Ҳар мақоме, ки ранги он гул нест,
Булбули ҷонҳо бинасрояд!

Хуш бароем, дӯст ҳозир нест,
Ишқ ҳаргиз чунин нафармояд!

Ҳама асбоби ишқ ин ҷо ҳаст,
Лек бе ӯ тараб намешояд!

Модари фитнаҳо, ки май бошад,
Тарабе бе рухаш намезояд!

Ҳар шаробе, ки дӯст соқӣ нест,
Ҷуз хумору шукуфа н-афзояд!

Ҳама офоқ пурситора шавад,
Гозуреро мурод барн-ояд!

Бе асарҳои Шамси Табрезӣ
Аз ҷаҳон ҷуз малол н-анмояд!