Ҳар киро завқи дин падид ояд

350

Ҳар киро завқи дин падид ояд,
Шаҳди дунё-ш кай лазиз ояд?!

Ончунон ақлро чи хоҳӣ кард,
Ки нагунсори як набиз ояд?!

Ақл бифрӯшу ҷумла ҳайрат хар,
Ки туро суд аз ин харид ояд!

На аз он ҳолатест, ай оқил,
Ки дар ӯ ақли кас бадид ояд!

Нашавад боз инчунин қуфле,
Гар ҳама ақлҳо калид ояд!

Гар дароянд зарра-зарра ба бонг,
Он ҳама бонг ношанид ояд!

Чи шавад бешу кам аз ин дарё,
Банда гар поку гар палид ояд?!

Ҳар ки рӯ оварад бад-ин дарё,
Гар Язид аст, Боязид ояд!