Ҳар ки дар завқи ишқ данг омад

349

Ҳар ки дар завқи ишқ данг омад,
Нек фориғ зи ному нанг омад!

Нашавад банди гуфтугӯйи ҷаҳон
Шергире, ки чун паланг омад!

Шишаи ишқро фароғатҳост,
Гар бар ӯ сад ҳазор санг омад!

Ному номус кай шавад мониъ,
Чунки он дилрабойи шанг омад!

Сад ҳазорон чу осмону замин
Пеши ҷавлони ишқ танг омад!

Қайсари Руми ишқ ғолиб бод,
Гар касал чун сипоҳи Занг омад!

Зуҳра бар чанг ин наво мезад,
К-он қамар оқибат ба чанг омад!

Шамси Табрез, ҳар ки бе ту нишаст,
Узри ӯ пеши ишқ ланг омад!