Шиъри ман нони Мисрро монад

348

Шиъри ман нони Мисрро монад,
Шаб бар ӯ бигзарад, натонӣ х(в)ард!

Он замонаш бихур, ки тоза бувад,
Пеш аз он ки бар ӯ нишинад гард!

Гар масири замир ҷойи вай аст,
Мебимирад дар ин ҷаҳон аз бард!

Ҳамчу моҳӣ даме ба хушк тапид,
Соъате дигараш бибинӣ сард!

В-ар хурӣ бар хаёли тозагияш,
Бас хаёлот нақш бояд кард!

Он-ч нӯшӣ, хаёли ту бошад,
Набувад гуфтани куҳан, ай мард!