Модари ишқ тифли ошиқро

347

Модари ишқ тифли ошиқро
Пеши султони беамон набарад.

То нашуд болиғу зи ҷон фориғ,
Пеши он ҷони ҷони ҷон набарад.

Рӯбаҳи ақл гарчи ҷаҳд кунад,
Раҳ бад-он соримуззамон1 набарад.

Ҷон фидо ишқро, ки ӯ дилро
Ҷуз ба миъроҷи осмон набарад!

Ошиқон толиби нишон гашта,
Ишқашон ҷуз, ки бенишон набарад!

Хун чакидаст раҳ-раҳ, ин на бас аст?!
Ошиқе ҷуз, ки хунфишон набарад!

Ҳар кишон хун на бӯйи мушк диҳад,
Ту яқин дон, ки бӯйи он набарад!

Дидаро куҳли Шамси Табрезӣ
Ҷуз ба маъшуқи ломакон набарад!


1 Оқилу донои замон.