Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам

579

Вақти он омад, ки ман савгандҳоро бишканам,
Бандҳоро бардаронам, пандҳоро бишканам!

Чархи бадпайвандро ман баркушоям банд-банд,
Ҳамчу шамшери аҷал пайвандҳоро бишканам!

Пунбае аз лоуболӣ дар ду гӯши дил ниҳам,
Панд бипзирам зи сабру бандҳоро бишканам!

Муҳр баргирам зи қуфлу дар шакархона равам,
То зи шохе з-он шакар ин қандҳоро бишканам!

То ба кай аз чанду чун?! Охир, зи ишқам шарм бод!
Кай зи чунӣ бартар оям, чандҳоро бишканам?!