Чашм бикшо, ҷон нигар, к-аш сӯйи ҷонон мебарам

578

Чашм бикшо, ҷон нигар, к-аш сӯйи ҷонон мебарам,
Пеши он иди азал ҷон баҳри қурбон мебарам!

Чун кабӯтар хонаи ҷонҳо аз ӯ маъмур гашт,
Пас, чаро ин зираро ман сӯйи Кирмон мебарам?!

З-он ки ҳар чизе ба аслаш шоду хандон меравад,
Сӯйи асли хеш ҷонро шоду хандон мебарам!

Зери дандон то наёбад, қанд ширин кай бувад?!
Ҷони ҳамчун қандро ман зери дандон мебарам!

То ки зар дар кон бувад, ӯро набошад равнақе,
Сӯйи заргар андак-андак зудаш аз кон мебарам!

Дуди оташ куфр бошад, нури ӯ имон бувад,
Шамъи ҷонро ман варойи куфру имон мебарам!

Сӯйи ҳар абре, ки ӯ мункир шавад хуршедро,
Офтобе зери доман баҳри бурҳон мебарам!

Шамси Табрез армуғони гавҳари баҳри дил аст,
Ман зи шарми ҷони покат ҳамчу Уммон мебарам!