Ишва додастӣ, ки ман дар бевафойӣ нестам

577

Ишва додастӣ, ки ман дар бевафойӣ нестам,
Бас кун охир, бас кун охир, рустойӣ нестам!

Чун ҷудо кардӣ ба ханҷар ошиқонро банд-банд,
Чун маро гӯйӣ, ки дар банди ҷудойӣ нестам?

Ман яке кӯҳам зи оҳан дар миёни ошиқон,
Ман зи ҳар боде нагардам, ман ҳавойӣ нестам!

Ман чу обу равғанам, ҳаргиз наёмезам ба кас,
З-он ки ман ҷони ғарибам, инсаройӣ нестам!

Ай дар андеша фурӯ рафта, ки ово чун кунам,
Худ бигӯ, ман кадхудоям, ман худойӣ нестам!

Ман нагӯям чун кунам, дарё маро то чун барад,
Ғарқае дар баҳру дар банди сақойӣ нестам!

Дар ғами онам, ки ӯ худро намояд беҳиҷоб,
Ҳеч андар банди хешу худнамойӣ нестам!