Гар з-он ки малӯлӣ зи ман, ай фитнаи ҳурон

689

Гар з-он ки малӯлӣ зи ман, ай фитнаи ҳурон,
Ин силсила бигзору касеро бимашӯрон!

Дар кӯчаи кӯрон ту яке рӯз гузаштӣ,
Афтод дусад хориш дар дидаи кӯрон!

Дар хоб намудӣ ту шабе қомати худро,
Бар сарв бияфзуд зи ту қадди қусурон!

Ай он, ки туро ҷунбиши ин ишқ набудаст,
Ҳайрон шуда бар ҷойи ту чун тозаҳузурон!

Аз лаҳни аробӣ чу шутур бодия кӯбад,
З-ин лаҳн чи бегонайӣ, ай кам зи сутурон?!

Ишқо, ту Сулаймону самоъ аст сипоҳат,
Рафтанд ба сӯрохи худ аз бими ту мӯрон.

Шамсулҳақи Табрез чу хуршед барояд,
Зеро ки зи хуршед бувад ҷомаи ҳурон!