Ҳар шаб, ки бувад қоъидаи суфра ниҳодан

688

Ҳар шаб, ки бувад қоъидаи суфра ниҳодан,
Моро зи хаёли ту бувад рӯза кушодан!

Ай лутфи туро қоиъда бар рӯзакушоён,
Монанди Масеҳо зи фалак мойида додан!

Чун қути дил аз матбахи савдои ту бошад,
Бояд ба миён рафтану дар лут фитодан!

Моро ҳам аз он оташи дил оби ҳаёт аст,
Бар оташи дил шод бисӯзем чу лодан1!

Кори ҳайавон аст, на кори дилу ҷон аст
Дар хок бипӯсидану аз хок бизодан!

1 Шилми хушбӯйи табобатӣ.