Гар з-он ки шавӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо

17

Гар з-он ки шавӣ толиб, ҷӯянда шавӣ бо мо,
В-ар з-он ки найӣ мутриб, гӯянда шавӣ бо мо!

Гар з-он ки ту Қорунӣ, дар ишқ шавӣ муфлис,
В-ар з-он ки Худовандӣ, ҳам банда шавӣ бо мо!

Як шамъ аз ин маҷлис сад шамъ бигиронад,
Гар мурдаӣ в-ар зинда, ҳам зинда шавӣ бо мо!

Поҳои ту бикшояд, равшан ба ту бинмояд,
То ту ҳама тан чун гул дар ханда шавӣ бо мо!

Дар жанда даро як дам, то зиндадилон бинӣ,
Атлас бадар андозӣ, дар жанда шавӣ бо мо!

Чун дона шуд афканда, бар дасту дарахте шуд,
Ин рамз чу дарёбӣ, афканда шавӣ бо мо!

Шамсулҳақи Табрезӣ бо ғунчаи дил гӯяд:
«Чун боз шавад чашмат, бинанда шавӣ бо мо».