Гар моҳи шабафрӯзон рӯпӯш раво дорад

226

Гар моҳи шабафрӯзон рӯпӯш раво дорад,
Гирам, ки бипӯшад рӯ, бӯро чи даво дорад?!

Гар низ бипӯшад рӯ в-ар низ бибуррад бӯ,
Аз хунбиши рӯҳонӣ сад гуна гуво дорад!

Он маҳ чу гурезона ояд сипаси хона,
Лекин дили девона сад гуна дағо дорад!

Ғам гарчи бувад душман, гӯяд сири ӯ бо ман,
Бо мурғи дилам гӯяд: «Ку дом, куҷо дорад?!»