Ҷон пеши ту ҳар соъат мерезаду мерӯяд

225

Ҷон пеши ту ҳар соъат мерезаду мерӯяд,
Аз баҳри яке ҷон кас чун бо ту сухан гӯяд?!

Ҳар ҷо, ки ниҳӣ пое, аз хок бирӯяд сар,
В-аз баҳри яке сар кас даст аз ту куҷо шӯяд?!

Рӯзе, ки бипаррад ҷон аз лаззати бӯйи ту,
Ҷон донаду ҷон донад, к-аз дӯст чӣ мебӯяд!

Як дам, ки хумори ту аз мағз шавад камтар,
Сад навҳа барорад сар, ҳар мӯй ҳамемӯяд.

Ман хона тиҳӣ кардам, к — аз рахти ту пардозам,
Мекоҳам, то ишқат афзояду афзӯяд!

Ҷонам зи пайи ишқи Шамсулҳақи Табрезӣ
Бе пой чу киштиҳо дар баҳр ҳамепӯяд!