Гар найӣ девона, рав, мар хешро девона соз

415

Гар найӣ девона, рав, мар хешро девона соз,
Гарчи сад раҳ мот гаштӣ, муҳраи дигар бибоз!

Гарчи чун торӣ, зи захмаш захмаи дигар бизан,
Бозгард, ай мурғ, гарчи хастайӣ аз чанги боз!

Чанд хона гум куниву ёва гардӣ гирди шаҳр?!
В-ар зи шаҳрӣ низ ёва, бо қаловузе бисоз!

Асби чӯбин бартарошидӣ, ки ин асби ман аст,
Гар на чӯбин аст асбат, хоҷа, якманзил битоз!

Даъвии Ҳақ нашнавӣ, он гаҳ дуъоҳо мекунӣ,
Шарм бодат, ай бародар, з-ин дуъои бенамоз!

Сар ба сар розӣ найӣ, ки сар бурӣ аз теғи Ҳақ,
Кай диҳад бӯ ҳамчу анбар, чунки сириву пиёз?!

Гар ниёзатро пазирад Шамси Табрезӣ зи лутф,
Баъд аз он бар арш ниҳ ту чор болиш баҳри ноз!