Ман аз суханони миҳрангез

414

Ман аз суханони миҳрангез,
Дил пур дорам, зи хоб бархез!

Ай он ки рухи ту ҳамчу оташ,
Як лаҳза зи оташам мапарҳез!

Ширам зи ту ҷӯш карду хун шуд,
Ай шир, ба хуни ман даромез!

Бо ёраки худ бисоз пинҳон,
Мастез, ба ҷони ту, ки мастез!

Таслими қазо шудам, азеро
Монанди қазо ту тундиву тез.

Бингар, ки чи хуни дил гирифтаст
Бар гирди қабо-м чун фаровез.

Дар хашм макун ту чашми худро
В-он фитнаи хуфтаро маянгез!

Худ хуфта намояду нахуфтаст
Он наргиси пурхумори хунрез.