Бархезу сабӯҳро барангез

413

Бархезу сабӯҳро барангез,
Ҷон бахш замонарову мастез!

Омехта бош бо ҳарифон,
Бо об шаробро маёмез!

Ёди ту шаробу ёди мо об,
Мо чун сари хар, ту ҳамчу полез!

Ай ғам, аҷалат дар ин қанина1-ст,
Гар мурданат орзӯст, магрез!

Марги нафас аст дар таҷаллӣ,
Марги ҷуъал2 аст дар абирбез3.

Маҷлис чаман асту гул шукуфа,
Ай соқии ҳамчу сарв, бархез!

Ин ҷоми мушаъшаъ, он гаҳе шарм?
Соқӣ чу туйӣ, хатост парҳез!

Моро чу рухи хушат барафрӯз,
Ғамро чу адӯйи худ даровез!

Ҳиштем ғазал, ки навбати туст,
Мардона дарову чусту сартез!


1 Ҷом, шиша.
2 Гамбуск.
3 Абурафшон, хушбӯй.