Моем фидойиёни ҷонбоз

412

Моем фидойиёни ҷонбоз,
Густоху далеру ҷисмпардоз!

Ҳайф аст, ки ҷони поки моро
Бошад тани хоксор анбоз!

З-оғоз ҳама ба охир оянд,
З-охир биравем мо ба оғоз!

Ҳин, бозпаред ҷумла ёрон,
Шаҳ боз бикӯфт табли шаҳбоз!

Шаш сӯй мапар, бипар аз он сӯ,
К-андар дили ту расид овоз!

Ҳон, ай дили хаста, нақли моро
Рӯзе ду-се мондааст, месоз!

Гар хориву гар азизӣ ин ҷо,
З-он сӯст бақову мулку иъзоз!

Макшой пари сухан, к-аз он сӯ
Бе пар бошад ҳамеша парвоз!

Пӯсти сухан аст, ин чи гуфтам,
Аз пӯст кӣ ёфт мағзи он роз?!