Гар ту танг ойӣ зи мо, зӯтар бурун рав, ай ҳариф

458

Гар ту танг ойӣ зи мо, зӯтар1 бурун рав, ай ҳариф,
К-аз турушрӯйӣ ҳамеранҷад дилороми зариф.

Гар ҳаме инкори худ пинҳон кунӣ, бар рӯйи ту
Менамояд душманиҳо бар рухи ту лиф, лиф!

Рӯзгардак бар рухи домод мебошад нишон
Аз ҷамоли ӯ, ки номаш кард румӣ ниф, ниф!

Чун худованд Шамси дин чавгон занад, ёраш куҷост?!
В-ар бар асби фазл биншинад, куҷо дорад радиф?!

Хону базми ҳар ду олам назди базми Шамси дин
Чун яке косай пурошу бар сари ӯ як рағиф2.

В-он рағифу ошу коса садқаи Табрез дон
Аз камолу ҳурмати шаҳри Шаҳаншоҳи Шариф!


1 Зудтар, фавран, тезтар.
2 Гирдаи нон.