Гар хумор орад судоъе бар сари савдои ишқ

459

Гар хумор орад судоъе бар сари савдои ишқ,
Даррасад дар ҳин мадад аз соқии саҳбои ишқ.

В-ар бидаррад табли шодӣ лашкари ушшоқро,
Муждаи инно фатаҳно дардамад сурнои ишқ.

Заҳр андар коми ошиқ шаҳд гардад дарзамон
З-он шакарҳое, ки рӯяд ҳар дам аз найҳои ишқ.

Як замон абре биёяд, то бипӯшад моҳро,
Абрро дар ҳин бисӯзад барқи ҷонафзои ишқ.

Дар миёни реги сӯзон, дар тариқи бодия,
Бонгҳои раъд, бинӣ, мезанад саққои ишқ.

Соқиё, аз баҳри ҷонат соғаре бар халқ рез,
Ё сало дардиҳ ба сӯйи қомати волои ишқ!

Шамси Табрез ар битобад аз қибоби рашки Ҳақ,
Қуббаҳои мавҷ хезад он дам аз дарёи ишқ1.


1 Ҷамъи қубба; гунбад, нӯги гунбад; киноя аз иртифоъу баландӣ.