Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам

636

Гаҳ чархзанон ҳамчун фалакам,
Гаҳ болзанон ҳамчун малакам!

Чархам пайи Ҳақ, рақсам пайи Ҳақ,
Ман з-они вайам, не муштаракам!

Чун дид маро, бихрид маро
Он кони намак, з-он бонамакам!

Шер аст яқин дар бешаи ҷон,
Бидрид яқин анбони шикам!

Он, к-ӯ ба қазо додаст ризо,
Қозӣ кунадаш рӯзе малакам!

Яъҷуҷ манам, Маъҷуҷ манам,
Ҳад нест маро, ҳарчанд якам!

Барбанд даҳон, дар боғ даро,
То кам накунӣ хатҳои чакам!