Талхӣ накунад ширинзақанам

637

Талхӣ накунад ширинзақанам,
Холӣ накунад аз май даҳанам!

Урён кунадам ҳар субҳдаме,
Гӯяд, ки биё, ман ҷомаканам!

Дар хона ҷаҳад, муҳлат надиҳад,
Ӯ бас накунад, пас ман чӣ кунам?!

Аз соғари ӯ гиҷ аст сарам,
Аз дидани ӯ ҷон аст танам!

Танг аст бар ӯ ҳар ҳафт фалак,
Чун меравад ӯ дар пираҳанам!

Аз шираи ӯ ман шердилам,
Дар арбадааш ширинсуханам!

Мегуфт, ки ту дар чанги манӣ,
Ман сохтамат, чунат назанам?!

Ман чанги туам, бар ҳар раги ман
Ту захма занӣ, ман тан — тананам!

Ҳосил ту зи ман дил бар наканӣ,
Дил нест маро, ман худ чи канам?!