Омадам боз, то чунон гардам

638

Омадам боз, то чунон гардам,
Ки чу хуршед ҷумла ҷон гардам!

Сари хумми раҳиқ бикшоям,
Сардиҳи базми сархушон гардам!

Ишрат акнун алам ба саҳро зад,
Ман чу фикрат чаро ниҳон гардам?!

Боғи хулд аст ҷони ман, то ман
Қурратулъайни боғбон гардам!

Барнагардам ба гирди худ чун қутб,
Гирди қутбон чу осмон гардам!

Чун шабам рӯз гашт, ай султон,
Фориғ аз бому посбон гардам!

Кони заррам, наям зари маҳдуд,
Ки пайи санги имтиҳон гардам!

Тан зан аз ҳай-ҳайи шубонона,
Подшоҳам, чаро шубон гардам?!