Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе

Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе,
Расид аз дасти махдуме ба дастам.

Бад-ӯ гуфтам, ки мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯи диловези ту мастам.

Бигуфто, ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.

Камоли ҳамнишин дар ман асар кард,
Вагарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам.

Ин қитъа аз машҳӯртарин байтҳои Шайх Саъдӣ буда, аз он метавон ба се маънои зерин истифода намуд:

Маънии аввал ё зоҳирӣ: Рӯзе дар ҳаммоме яке аз дӯстони соҳибэҳтиромам (ки шояд соҳиби ҳаммом будааст) ба ман гили саршӯие дод, ки он бӯи басе хуш дошт. Банда аз он гили хушбӯй пурсидам, ки сабаби хушбӯии ту дар чист ва оё ту мушк астӣ ва ё абир астӣ, ки чунин бӯи хуш дорӣ ва ман аз бӯи хушу форами ту чунин маст гаштаам? Гили хушбӯй дар ҷавоб чунин гуфт: ман ҳам дар аввал мисли ҳамаи хоку гилҳои дигар ночизу беарзиш будам, аммо ҳангоми тайёр кардани гили саршӯӣ маро (дар коргоҳи атрсозӣ ё собунпазӣ) бо атри гул омехта карданд ва дар натиҷа, бӯи хуши гул ба ман таъсир кард ва ман низ мисли гул хушбӯй шудам. Вагарна, ман ҳамон хоки оддӣ мебошам, ки худ ба худ ҳеҷ бӯе надорад. (Яъне, он бӯи хушу фораме, ки дар гили саршӯӣ ё шампуну собунҳои хушбӯй мебинем, сифату хосияти зотии худи онҳо нест, балки ин бӯи диловез дар натиҷаи (ҳангоми тайёркунӣ) ба онҳо омехта шудани атри гулҳои хушбӯй ҳосил шудааст. Пас, омезиши гили саршӯӣ ва собун бо гули хушбӯй сабаби хушбӯии онҳо гаштааст.)

Маънии дуввум ё ахлоқӣ: Рӯзе (ба воситаи яке аз рафиқони муҳтарамам) бо дӯстӣ бисёр хубе ошно гаштам, ки ақлу дониши васеъ ва ахлоқу фарҳанги воло дошт. Чун сифатҳои неки он дӯст ба ман бисёр писанд омаданд ва маро мафтун сохтанд, ман аз вай савол кардам, ки сабаби чунин донишу маърифат ва одобу ахлоқи баланди ту чист ва ту ин ҳамаро дар куҷо омӯхтӣ? Он дӯст дар ҷавоб чунин гуфт: ман дар аввал як шахси бисёр оддӣ ва аз илму маърифат ва одобу фарҳанг бехабар будам, вале чанд муддат бо як инсони донишманду хушахлоқ ошно гаштам ва бо вай дӯстӣ доштам. Дар натиҷаи рафиқию шогирдӣ сифатҳои хуби он дӯсти ҳамнишин бар ман таъсири нек кард ва ман аз ӯ чизҳои хубе омӯхтам ва дар натиҷа, ман низ мисли ӯ дорои донишу ахлоқи муносиб гаштам. Вагарна, то он вақт ман як шахси оддӣ ва дур аз донишу фарҳанг будам. (Яъне, дӯсти хуб ва рафиқи бомаърифат (ё пири огоҳи тариқат) ба инсон таъсири нек мерасонад ва сабаби боло рафтани дониш ва некӯ гаштани ахлоқи кас мешавад. Аз ин рӯ, инсон бояд ҳамеша аз дӯстони бад парҳез намояд ва бо инсонҳои хуб дӯсту ҳамнишин гардад.)

Маънии сеюм ё мадҳиявӣ (ситоишӣ): (Чун ин қитъа дар идомаи мадҳу ситоиши ҳокими Форс омадааст,) Саъдӣ дар он, аз ҷумла, чунин маъниро дар назар дорад: Бале, имрӯз ман миёни мардум машҳӯр ва дӯстдошта гаштаам ва мардум аз санъати волову сухани ширини ман мастанд, вале сабаби чунин шӯҳрату маҳбубият ёфтани банда ҳунару сифатҳои шахсии худи ман нест, балки маҳз лутфу дастгирии ҷаноби подшоҳ ва ҳамнишинии ман бо ӯ сабаб шудааст, ки ман чунин машҳӯру дӯстдоштаи халқ гаштаам. Яъне, ҳамон гуна, ки бӯи хуши гул сабаби хушбӯии он гили ҳаммом (собун) шудааст, хубию лутфи подшоҳи замон Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ низ сабаби шӯҳрату маҳбубияти ман мебошад.

(Дар баъзе сарчашмаҳо чунин эҳтимол низ омадааст, ки Саъдӣ маҳз ба сабаби ихлосу наздикии худ бо ин подшоҳи замонаш тахаллуси «Саъдӣ»-ро барои худ интихоб намуда будааст.)