Гуфтӣ, ки зиён кунӣ, зиён гир

372

Гуфтӣ, ки зиён кунӣ, зиён гир,
Гуфтӣ, ки ту мулҳидӣ, чунон гир!

Гуфтӣ, ки ту рӯбаҳӣ, найӣ шер,
Моро сақати ҳама сагон гир!

Гуфтӣ, ки зи дил хабар надорӣ,
Ай мӯниси дил, маро забон гир!