Дорад дарвеш нӯши дигар

371

Дорад дарвеш нӯши дигар
В-андар сару чашм ҳуши дигар.

Дар вақти самоъ сӯфиёнро
Аз арш расад хурӯши дигар.

Ту сурати ин самоъ бишнав,
К-эшон доранд гӯши дигар.

Сад дег ба ҷӯш ҳаст ин ҷо,
Дорад дарвеш ҷӯши дигар!

Ҳамзонуи он, ки ту-ш набинӣ
Сармаст зи майфурӯши дигар.

Дарвеш зи дӯш боз маст аст,
Ғайри шабу рӯзи дӯши дигар.

Моем чу ҷон хамӯшу гӯё,
Ҳайроншуда дар Хамӯши дигар!