Нурест миёни шаъри аҳмар

370

Нурест миёни шаъри аҳмар
Аз дидаву ваҳму рӯҳ бартар!

Хоҳӣ худро бад-ӯ бидӯзӣ,
Бархезу ҳиҷоби нафс бардар!

Он рӯҳи латиф сурате шуд,
Бо абруву чашму ранги асмар!

Бинмуд Худойи бечигуна
Бар сурати Мустафо — Паямбар!

Он сурати ӯ фанои сурат,
В-он наргиси ӯ чу рӯзи маҳшар!

Ҳар гаҳ, ки ба халқ бингаридӣ,
Гаштӣ зи Худо кушода сад дар!

Чун сурати Мустафо фано шуд,
Олам бигирифт Илоҳу Акбар!