Дар ин сармову борон ёр хуштар!

369

Дар ин сармову борон ёр хуштар!
Нигор андар канору ишқ дар сар!

Нигор андар канору чун нигоре?!
Латифу хубу чусту тозаву тар!

Дар ин сармо ба кӯйи ӯ гурезем,
Ки монандаш назояд кас зи модар!

Дар ин барф он лабони ӯ бибӯсем,
Ки дилро тоза дорад барфу шаккар!

Маро тоқат намонд, аз даст рафтам,
Маро бурданду оварданд дигар!

Хаёли ӯ чу ногаҳ дар дил ояд,
Дил аз ҷо меравад, Аллоҳу Акбар!