Маро иқбол хандонид охир

368

Маро иқбол хандонид охир,
Инон ин сӯ бигардонид охир.

Замоне мурғи дил барбастапар буд,
Бидодаш парру парронид охир.

Зиҳӣ боғе, ки хандонид аз фазл
Бад-он абре, ки гирёнид охир!

Зиҳӣ нусрат, ки мар исломро дод!
Зиҳӣ мулке, ки истонид охир!

Ба чавгони вафо як гӯйи заррин
Дар ин майдон биғалтонид охир.

Камар бикшод Мирриху бияндохт,
Силаҳҳоро бидарронид охир.

Бихандад осмон, зеро заминро
Худо аз хавф бирҳонид охир!