Дар дилу ҷон хона кардӣ оқибат

125

Дар дилу ҷон хона кардӣ оқибат,
Ҳар дуро девона кардӣ оқибат!

Омадӣ, к-оташ дар ин олам занӣ,
Во нагаштӣ, то накардӣ оқибат!

Ай зи ишқат оламе вайрон шуда,
Қасди ин вайрона кардӣ оқибат!

Ман туро машғул мекардам, дило,
Ёди он афсона кардӣ оқибат!

Ишқро бе хеш бурдӣ дар ҳарам,
Ақлро бегона кардӣ оқибат!

Ё Расулуллаҳ, сутуни сабрро
Устуни ҳаннона кардӣ оқибат!

Шамъи олам буд лутфи чорагар,
Шамъро парвона кардӣ оқибат!

Як сарам ин сӯст, як сар сӯйи ту,
Дусарам чун шона кардӣ оқибат!

Донае бечора будам зери хок,
Донаро дурдона кардӣ оқибат!

Донаеро боғу бустон сохтӣ,
Хокро кошона кардӣ оқибат!

Ай дили Маҷнуну аз Маҷнун батар,
Мардиву мардона кардӣ оқибат!

Косаи сар аз ту пур, аз ту тиҳӣ,
Косаро паймона кардӣ оқибат!

Ҷони ҷондорони саркашро ба илм
Ошиқи ҷонона кардӣ оқибат!

Шамси Табрезӣ, ки мар ҳар зарраро
Равшану фарзона кардӣ оқибат!