Дидам имрӯз бар замин қамаре

550

Дидам имрӯз бар замин қамаре,
Ҳамчу сарве равон ба раҳгузаре.

Гӯиё бар ман аз биҳишти Худой
Боз карданд бомдод даре.

Ман надидам ба ростӣ ҳама умр,
Гар ту дидӣ ба сарв-бар қамаре.

Ё шунидӣ, ки дар вуҷуд омад
Офтобе зи модару падаре?

Гуфтам, аз вай назар бипӯшонам,
То наяфтам ба дида дар хатаре.

Чора сабр асту эҳтимоли фироқ,
Чун кифоят намекунад назаре.

Мехиромиду зери лаб мегуфт:
Оқил аз фитна мекунад ҳазаре.

Саъдиё, пеши тири ғамзаи мо
Беҳ зи тақво бибоядат сипаре.