Дида хун гашту хун намехусбад

341

Дида хун гашту хун намехусбад,
Дили ман аз ҷунун намехусбад.

Мурғу моҳӣ зи ман шуда хира,
К-ин шабу рӯз чун намехусбад?!

Пеш аз ин дар аҷаб ҳамебудам,
К-осмони нагун намехусбад?!

Осмон худ кунун зи ман хира-ст,
Ки чаро ин забун намехусбад?!

Ишқ бар ман фусуни аъзам хонд,
Ҷон шунид он фусун, намехусбад!

Ин яқинам шудаст пеш аз марг,
К-аз бадан ҷон бурун намехусбад.

Ҳин, Хамуш кун, ба асл роҷиъ шав,
Дидаи роҷиъун намехусбад!