Себаке ним сурху ниме зард

342

Себаке ним сурху ниме зард
Заъфарон лоларо ҳикоят кард:

Чун ҷудо гашт ошиқ аз маъшуқ,
Нимае ханда буду ниме дард.

Сустпойе бимонда бар ҷойе,
Пок мекард аз рухи маҳ гард.

Даст мекӯфт, низ мелофид,
К-инчунин санъате касе н-овард!

Саъваи паршикастае дидӣ,
Байзаи чарх зери пар парвард?!

Боз шуд хандахонаи ин ҷо,
Рав, биҷӯ ёри хандае, ай мард!

Боз то кай кунанд ин зиштон,
Бозгуна ҳаме равад ин нард!

Ҷуфту тоқ аз чи рӯй мебозанд,
Чун надонанд ҷуфтро аз фард?!

Баҳил ин, то ба ёри хеш равем,
Он ки рӯяш ҳазор лолаву вард!